Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:36

Президенти «Лимкоквинг» дар ҳузури Раҳмонов

26 декабр 2011, 07:00

Дар вазорати маорифи Тоҷикистон мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф бо президенти Донишгоҳи техникию эҷодии «Лимкоквинг» сурат пазируфт.


Тавре Сиддиқ Муборак, сухангӯи ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин нишаст ҳамчунин аз ҷониби Малайзия муовини президенти ин донишгоҳ  хонум Дания, ёвари президент Майкл Пенсин, сардори шўъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ Навид Фаттоҳӣ, намояндагони Ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия «TM – international.llc» ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои тарафайн мубодилаи афкор намуда, зикр намуданд, ки дар оянда равобитро дар самтҳои таҳсилот дар зинаҳои гуногун тақвият мебахшанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!