Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

ВКД: Кашфу мусодираи миқдори зиёди маводи тарфагарӣ аз ҷониби мақомот

27 декабр 2011, 04:03

Дар пайи як амалиёти густурдаи кормандони милиса дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи тарфагарӣ (пиротехникӣ) дарёфту мусодира гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон    Дадабоева У-и 44 сола дастгир гардид, ки аснои кофтуков аз амборхонаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи И. Сомонӣ 284.309 дона  хлопушка бозёфт шуд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки  ба ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт зимни амалиёт ноболиғ - Сунатулло Сафарови 14 сола, сокини кӯчаи Деҳлавӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи умумии №65 дастгир карда шудааст. Мақомоти интизомӣ аз номбурда 549 дона маводи тарфагарӣ мусодира кардаанд. Инчунин дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Меҳровар Гулназарови 20 сола, сокини кӯчаи  Маяковский, тоҷири бозори «Деҳқон»  дастгир карда шудааст, ки ҳангоми кофтуков аз ў 1140 дона хлопушка  дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қисмати шимоли Тоҷикистон низ чанд нафар даст ба фурӯши маводи пиротехникии тарканда доштанд, ки аз сӯи кормандони милиса маводҳои онҳо мусодира гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!