Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Масъулини INL-и Амрико ба Душанбе омаданд

23 май 2011, 11:23

Рустам Назаров, директори агентии назорати маводи нашъаовар бо сарвари бюрои департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар барномаҳои Аврупо, Авруосиё ва Осиё Дэвид Костеланчик ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.

Тавре ба хабаргузории  «Озодагон» аз ин агентӣ иттилоъ доданд, ҳадафи аслии ин нишаст баррасии масоили  ҳамкориҳо миёни агентӣ ва  INL дар пешгирии интиқоли маводи мухаддир буд.

Зимнан, Рустам Назаров қайд кард, ки ба он нигоҳ накарда, ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад, ҳукумати кишвар дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. Ҳама навъҳои мухаддироте, ки мусодира карда мешаванд (ҳероин, афюн ва каннабис), дар қаламрави Афғонистон истеҳсол мегарданд ва қисмати бештари он аз тариқи дарёи марзии Панҷ ворид мешавад. Дэвид Костеланчик ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дод ва қайд кард, ки ҳукумати ИМА дар оянда низ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротӣ кӯмак хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!