Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Гардиши нав дар қазияи мансуб ба ширкати «Rolkan Investments LTD»

26 декабр 2011, 12:01

Тибқи иттилои хабаргузории “Азия-Плюс”, ширкати ҳавоии «Rolkan Investments LTD»  алайҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ба додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдааст.


Гуфтанист, ин шикоят ба ҳукми ду халабони ин ширкат тааллуқ дорад. Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Сергей Полуянов, райиси ширкати «Rolkan Investments LTD» гуфтааст, ҷаноби Полуянов як нусхаи шикоятро ба вай фиристодааст ва забонхат додааст, ки вакили мудофеъ ҳақ дорад дар додгоҳ аз ҷониби ин ширкат ва Поулянов сухан гӯяд ва манфиатҳои «Rolkan Investments LTD»-ро ҳимоя кунад.

Ба гуфтаи Бобоев, ширкати «Rolkan Investments LTD»  ҳукми додгоҳро дар бораи мусодираи ду ҳавопаймои АН-72 ғайриқонунӣ медонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!