Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

11.224 нафар дар 676 ярмаркаи баргузоршуда ҷойи кор пайдо карданд

27 декабр 2011, 06:05

Охири ҳафтаи сипаришуда дар бинои сирки давлатии пойтахт ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод  баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ярмаркаи мазкур сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино,  инчунин раёсатҳои шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро барои ниёзмандон пешниҳод гардонданд.

Манбаъ афзуд, дар ин ярмарка 100 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт иштирок ва ба корҷўён 1.854 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 670 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд, ки ба 215 нафар  барои кор роҳхат дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар фаъолияти мақ омоти давлатии шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат ба шуғл нақши муҳим дорад ва тибқи нақша имсол дар пойтахт 32 ярмаркаи ташкил карда шудааст, ки 1183 нафар бо чойи кори доимӣ таъмин шудаанд.Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи бекорӣ соли  равон аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 676 ярмаркаҳои ҷолйи кори холӣ доир гардид, ки аз нақшаи солона 176 ярмарка зиёд буда, 9.038 нафар корҷўй ба ҷойи кор роҳхат гирифта аз ин шумора 6680 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, тариқи ин ярмаркаҳо  барои омўзиши касбҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў ба 3.543 нафар роҳхат дода шуда, 1.399 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ки дар маҷмўъ 11.224 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!