Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Райиси шаҳри Хуҷанд атфоли бепарастору маъюбро дастгирӣ менамояд

27 декабр 2011, 10:10

Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои шаҳидони ҷанг, пирону барҷомондагон, ашхоси яккаву танҳо, ятимону бепарасторон дар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», рӯзи гузашта Раҷаббой Каримов, райиси шаҳри Хуҷанд дар ҷамъомади тарбиятгирандагони мактаб – парваришгоҳи бачагони маъюбу ҷисман носолим ширкат варзид. Ӯ омӯзгорону мураббиён ва муҳассилинро бо соли нави милодӣ муборакбод карда, ба бачагон тӯҳфаҳои идона тақдим намуд.

Ҳамзамон, мудири шӯъбаи сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Тоҳиров ҳозиринро аз номи райиси вилоят Қоҳир Расулзода табрик гуфт.Аз ҷониби намояндагони Агентии давлатии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тарбиятгирандагони мактаб – парваришгоҳ тӯфаҳои солинавӣ супорида шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!