Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Шаҳрдорӣ ба сокинони пойтахт маҳсулоти арзону хушсифат пешниҳод мекунад

27 декабр 2011, 12:00

Имрӯз, 27 декабр дар пойтахт  ҷаласаи кории шаҳрдории Душанбе сурат пазируфт.


Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин нишаст дар асоси дастурҳои президент ва қарорҳои ҳукумати ҶТ   оид тақвият бахшидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ба дастурхони идонаи сокинон ба ифтихори Соли нав баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарони аввали Иттифоқи «Тоҷикматлубот», бозорҳои коммуналии шаҳр, КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва райисони ноҳияҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуд, дар нишаст қайд гардид, ки рўзҳои 28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012  аз ҳисоби захираҳои ташкилотҳои зикргардида дар тамоми бозорҳои коммуналӣ : Шоҳмансур, Саховат, Деҳқон  ва Қарияи боло маҳсулоти ниёзи аввалия: гўшти гов то 27 сомонӣ, гўсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ  то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурўш гузошта мешаванд.

Барои дастрасии васеи сокинон ярмарка-фурўши номгўи маҳсулоти зикргашта аз ҷониби сохторҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар даромадгоҳи бозори “Шоҳмансур”, вазорати кишоварзӣ дар боѓи ба номи С. Айнӣ ва КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” дар бозори Қарияи боло  ташкил карда мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!