Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:36

Кӯлоб: Буҷаи маҳаллӣ «якдилона» қабул шуд, райиси шаҳр таассуф хӯрд

28 декабр 2011, 10:20

Иҷлосияи 4-уми вакилони халқи шаҳр дар Кӯлоб сурат пазируфт.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҷаласа 8 масъала мавриди баррасии вакилон қарор гирифт, ки яке аз онҳо тасдиқ ва қабули нақшаи даромад ва хароҷоти буҷаи маҳаллӣ барои соли 2012-ум буд. Бахтиёр Назаров, сардори раёсати молияи шаҳр тарҳи лоиҳаи буҷаи маҳаллиро муаррифӣ карда, онро   барои тасдиқ пешниҳоди вакилон сохт. Ин масъала аз ҷониби вакилони халқ бе ягон муҳокима ва пешниҳодот, якдилона қабул шуд.

Маврид ба зикр аст, ки як чунин маҷлисҳои вакилони мардумӣ дар кулли навоҳии вилояти Хатлон доир мегарданд. Зимни иштирок дар ин ҷаласаҳо гумон мекунӣ, ки  вакилони халқӣ ё пешакӣ масъалаҳои пешниҳодшударо муҳокима кардаву ба мувофиқа омадаанд, ё қудрати муҳокимаронӣ надоранд ва ё дар ин ҳолат аз касеву чизе ҳарос доранду бе ягон зиддият ва бетарафӣ масъалаҳои пешниҳодшударо қабул менамоянд: « Аҷобат ин аст, ки нақша ё худ дурнамои буҷаи маҳаллиро дар мавриди даромад ва хароҷоти он  дар Ҳукумати вилояти Хатлон тарҳрезӣ намуда, баъдан онро барои тасдиқ ба маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамоянд. Дар ин маврид, ба иқрори масъулини шаҳру навоҳӣ, ки воқеан аз ин тарзи нақшабандӣ норозианд, масъулини вилоятӣ бо мақомоти навоҳӣ дар мувофиқа намешаванд»

Манбаъ афзуд, дар иҷлосияи вакилони халқи Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев, райиси шаҳр бо таассуф мегуфт, ки нақшаи даромади андози давлатиро барои шаҳри Кӯлоб дар ҳукумати вилоят якбора ба 33 фойиз дар қиёс ба соли 2011-ум баланд бардоштаанд, ки он  хеле гарон аст: «Вале мо ончунон бояд кору фаъолият кунем, ки на танҳо 33 фойиз, балки боз 33 фисади дигар ҷамъоварии андозро зиёд гардонем».

-Дар кори маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ситора Шерова, муовини райиси ҳукумати вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд,-илова кард хабарнигори маҳаллии «Озодагон».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!