Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:15

Президент: Ба ниёзмандон ва маъюбону бепарасторон кӯмак расонед

29 декабр 2011, 04:20

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дастур дод, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кӯмакҳои хайрия расонда шаванд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимнан роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон ёрдам намоянд.  Ҳамчунин аз соҳибкорону тоҷирон ва дигар ашхоси сарватманду саховатпеша даъват карда шуд, ки ба корҳои хайрия ҳамроҳ шаванд.

Райисҷумҳур таъкид кард, ки аҳолии ниёзманди кишвар бояд натанҳо дар арафаи иду ҷашнҳо, балки пайваста мавриди ғамхорию дастгирии мардуми саховатманд қарор дошта бошанд.

Гуфта мешавад, ин тасмим пас аз ташрифи президент ва мулоқоти ӯ тарбиягирандагон ва омӯзгорони «Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон» рӯзи гузашта аз сар гирифта шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!