Бахшҳо

Дар Кӯлоб райиси шаҳр як чӣ мегӯяд, аммо муовини ӯ дигар андеша дорад

Файзалӣ Қурбонов, муовини аввали райиси шаҳри Кӯлоб  ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, деҳқонони ноҳия дар майдони беш аз 3 гектар замин гармхонаҳо бунёд кардаанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти сабзавоту полезӣ нигаронида шудаанд.


Ин дар ҳолест, ки  Ҳамид Абдуллоев, райиси шаҳри Кӯлоб дар ҷаласаи навбатии вакилони халқ рӯзи 27-уми декабр дар маълумотномааш барои вакилони мардумӣ гуфт, дар ҳамаи ноҳияи Кӯлоб ҳатто як гармхона  барои истеҳсоли маҳсулоти полезии зери плёнкавӣ вуҷуд надорад: «Омор ба муваффақиятҳо ноил гаштани кишоварзонро нишон медиҳад, аммо бозор муайян менамояд, ки деҳқонон то куҷо ва ба чӣ музаффарият расидаанд. Бозор муайян мекунад, ки соҳаи кишоварзӣ дар кадом сатҳ аст. Нархи дилхоҳ маҳсулот, чӣ полезиву чӣ сабзавот на танҳо паст намефарояд, ки ҳамарӯза боло меравад. Нархи 1 кг помидор дар бозор 20 сомонӣ қиммат дорад. Ягон гармхона барои парвариши сабзавоту полезӣ дар ҳамаи ноҳия нест. Ҳол он, ки ҳатто дар навоҳии кӯҳистони ҳамсояи Шуроободу Муминободу Ховалинг, ки хунуктарин навоҳӣ дар минтақаанд, гармхонаҳо бунёд кардаву парвариши маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ мондаанд.  Аммо дар Кӯлоб несту дар ҳисобот он вуҷуд дорад».

Зимнан, ба гуфти  Файзалӣ Қурбонов, муовини райиси шаҳр  дар ноҳияи Кӯлоб дар майдони беш аз 3,25 гектар гармхонаҳо бунёд кардаанд.

Бояд гуфт, омори ба қавли Абдуллоев нодуруст  то ба ҳукумати вилоят, баъдан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва ахиран  то президенти кишвар хоҳад расид. Яъне, масъулини омору муовини аввали райиси шаҳр бо омори дурӯғин президентро фиреб доданианд?

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)