Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 02:42

Хуҷанд: Падар ва писар дар назди манзили зисташон кушта шуданд

29 декабр 2011, 07:00

Ду нафар дар шаҳри Хуҷанд аз силоҳи оташфишон ба қатл расидаанд.


Тавре ба хабарнигори маҳалии «Озодагон» манбаъ  дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод, ин ҳодиса шаби гузашта, 28-уми декабр рух дод.

 

Сарчашмаи хабар гуфт, дар назди хонаи истиқоматии худ, дар мошинаи шахсӣ сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд  Юлдош Бурҳонов ва писари 28-солаи ӯ- Фарҳод Бурҳонов дар натиҷаи ҳамлаи шахсони номаълум аз тири мусалсали Калашников ба ҳалокат расидаанд. Аз маҳалли ҳодиса маблағҳои пулии мақтулон, ки ҳар ду корманди нуқтаи ивази асъор дар бозори «Панҷшанбе» буданд, ғайб задааст.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандааи ҷиноӣ бо моддаи 104 қисми 2 ( куштор)- КҶ ҶТ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!