Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Райиси шаҳри Душанбе ҷонибдори рушди коммуникатсия ва технологияи иттиллоотӣ

30 декабр 2011, 04:35

Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ахиран қарореро ба тасвиб расонд, ки ба манзури рушди бахши иттилоот ва коммуникатсияи технологӣ дар пойтахт мусоидат мекунад.


Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳри Душанбе ин санад ба мақсади иҷрои қарори ҳукумати ҶТ №550 аз 2 ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» ва бо инобати қарори райиси шаҳри Душанбе №78 аз 7-уми феврали соли 2011 «Дар  бораи  чораҳои мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ мешавад.

 

Манбаъ афзуд, нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи давлатии компютеркунонӣ барои солҳои 2012-2015» тасдиқ гардида, сарраёсати молияи шаҳри Душанбе зимни ташаккули буҷети шаҳри Душанбе барои солҳои 2012, 2013, 2014 ва 2015 маблағи заруриро ҷиҳати амалигардонии ин қарор таъмин менамояд.

Дар ҳамин ҳол, муовини якум ва муовинони райиси шаҳри Душанбе, райисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ муваззаф гардидаанд, ки вобаста ба иҷрои қарори мазкур чораву тадбирҳои таъхирнопазир андешида, аз натиҷааш охири ҳар сол ба райиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!