Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:56

SoS: Заминларзаи давомдор дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

30 декабр 2011, 07:07

Шаби гузашта дар шарқи Тоҷикистон заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст.


Як сокини рустои Чхкаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, ки худро Сайид муаррифӣ кард, ба хабаргузории «Озодагон гуфт: «Тахминан соати 21:00 -и шаб буд, девори хонаам якбора ба ҷунбиш даромада, аз чанд ҷояш рехт».Ӯ мегӯяд, аниқ намедонам, ки шиддати заминларза чанд балл буд, аммо такони замин дар ҳамаи ҷамоат эҳсос шуд, ҳатто дар рустоҳои Гурбадара, Қалъаи Ҳусайн, Рбот ва Сафедорону дигар ҷо.

Сайид афзуд: «Аввал як садои гурум-гурум аз таги замин пайдо мешавад, пас замин ба ларза медарояд. Ҳоло ҳам замин ҷунбида истодааст».

Ба қавли ин сокини Сағирдашт, теъдоди зиёди манзили маскунӣ валангор шуда, имкони зиндагӣ дар онҳо мавҷуд нест.

Гуфтанист, субҳи имрӯз коршиносон ва мутахассисони маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба маҳалли ҳодиса ташриф овардаанд. Алъон сабаби заминҷунбии бардавом таҳқиқ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, оид ба хисороти ҷонӣ ва молӣ иттилое рӯйи даст нест. Бо расидани тозатарин хабар шуморо дар ҷараён хоҳем гузошт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!