Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Бахшидани порае аз хоки Ватан бойиси нигаронӣ ва сархамӣ аст

30 декабр 2011, 10:50

«Соли 2011-ро бо ташвишу нигарониҳо ва бори гарони ноумедиҳо паси сар кардам».


Дар ин бора Қироншоҳи Шарифзода, райиси созмони ҷамъиятии «Журналист» зимни як сӯҳбат бо «Озодагон» иброз дошт. Ӯ гуфт, оғози сол воқеаи гӯшношуниди бахшидани пораи хоки Ватан ба кишвари муддаӣ бе назардошти афкори соҳибони сарзамин ва поёни сол сархам шудан дар қиболи таҳдиди сиёсии кишвари дигар дар ҷавоби қазияе ҳуқуқӣ, маро ба ҳайси як фарди ин ҷомеа ва шаҳрванди давлати соҳибистиқлол эълоншуда, дар тӯли солҳои охир, бори аввал сархаму мулзам сохт.

Шарифзода афзуд, ки: «Пас, соли равонро як соли заъфу нотавонии сиёсатбадастони вақт ва ҷашни 20-солагии шиорпартоиву худситоӣ ва ифтихори дурӯғин метавон гуфт».

Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳи Шарифзода аз паҳлӯи дигар изҳори хушбинӣ карда мегӯяд: «Дар ин баробар, хушбахтона, ҷомеаи шаҳрвандии мо сокиту бетараф набуд. Ҳарчанд мулоҳизоту пешниҳодот, бонги изтиробу фарёди дили даҳҳо устоду донишманд, ба мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Иброҳим Усмонов, Зафар Мирзоён, Раҳматилло Зоиров, Барзу Абдураззоқов, Абдуллои Раҳнамо, Зафари Сӯфӣ, Сайёфи Мизроб ба хотири беҳбуди вазъи ҷомеа, худшиносиву худҷӯӣ, озодагиву растагорӣ гӯши фарёдрасе дар ҷамъияти зимомбадастон пайдо накард, вале чун Соли нав амри фиребои умедворӣ ва илқои худтаскинӣ дорад, боз ҳам умедвор мешавем, ки шояд соли 2012 соли дарки худшиносиву масъулияти ватандорӣ гардад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!