Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:01

Забту мусодираи 35 кило маводи мухаддир дар ҷануби Тоҷикистон

2 январ 2012, 07:46

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 35  килою 510 грамм маводи нашъадор ёфт шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт Ёқубови 32 сола, сокини ҷамоати Шӯрообод, деҳаи  Хайркорон дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори «бангдона» вазнаш 8 килою  510-грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳамзамон, аснои азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ, аз дохили ҷевон маводи нашъадори «бангдона», ки вазни холиси он 27 килоро ташкил медод, пайдо шуд.

Манбаъ афзуд, се нафар аз ҳаммаслакони қочоқчӣ низ дастгир гардида, тафтишоти қазия идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!