Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:46

Амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро Фаронса таъмин карданист

3 январ 2012, 04:30

Порис омодааст, ки дар таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак намояд.


Дар ин бора Жерар Лонге, вазири дифои Фаронса зимни мулоқоташ бо ҳамтои тоҷикистонии худ Шералӣ Хайруллоев дар шаҳри Душанбе иброз доштааст. Лонге афзудааст, ки низомиёни фаронсавии мустақар дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо низомиёни тоҷик тамринҳои муштарак доир мекунанд ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар меомӯзанд. Бино ба гуфти масъулини вазорати дифои Тоҷикистон, айни замон 5 нафар аз шаҳрвандони мо дар донишгоҳҳои низомии Фаронса таҳсил мекунанд.

Вазири дифои Фаронса пас аз боздиди дурӯза аз Афғонистон ва мулоқоташ бо райисҷумҳури он кишвар Ҳомид Карзай ва вазири дифоъи Афғонистон Абдураҳим Вардақ ба Тоҷикистон омада, бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот кард. Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир 3600 сарбози фаронсавӣ дар Афғонистон, аксаран дар вилояти Кописо ва минтақаи Сурубӣ ҷойгир ҳастанд.

Ҳамзамон, дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 100 афсару сарбоз ва тайёраҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса мустақаранд. Ин ҷузу томҳои ҳавоӣ ба манзури кӯмак ба амалиёти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон  чанд сол боз аз фурудгоҳи Душанбе истифода мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!