Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Кишоварзони Ҳамадонӣ ин комёбиро 20 сол боз интизор буданд

4 январ 2012, 04:35

Кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ то даҳаи охири моҳи декабр зиёда дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар ғалла кишт карданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Алихон Холиқов, муовини аввали райиси ин ноҳия иттилоъ дод, дар ҳудуди минтақа 68 адад тракторҳои чархии шудгоркунанда ва 16 адад тракторҳои тасмачарх дар мавсими шудгор омодаи коранд: «Тақрибан ҳамаи ин техникаҳо хусусӣ мебошанд, вале дар мавриди корҳои кишоварзӣ бо ташвиқоти масъулин ба саҳро баромада, кор мекунанд»

 

Тибқи иттилоъи манбаъ, деҳқонони ноҳия бояд дар майдони 5840 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронанд. Майдони заминҳои лалмӣ тақрибан ба пуррагӣ ба анҷом расидааст. Боқӣ заминҳои обӣ мебошанд, ки ба андешаи муовини райис, аввали баҳор кишту кори он ҳам оғоз мегардад. Бино ба қавли ӯ, дар ноҳия 13.210 гектар майдони кишти заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 5200 гектари онро пахта ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта то имсол барои аввалин маротиба кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ аз ӯҳдаи иҷрои дурнамои ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, ба хусус пахтаву ғалла ба пуррагӣ баромадаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!