Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

Вакилони парлумони Тоҷикистон аз олудашавии ҳавои кишвар ҷилавгирӣ менамоянд

3 январ 2012, 05:18

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» мавриди баррасии аъзои Шӯрои МН қарор гирифт.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, ҷаласаи навбатӣ имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН баргузор шуд. Аъзои Шӯро иброз доштанд, ки ин лоиҳа бо мақсади пешгирии олудашавии ҳавои атмосфера барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Шўрои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод шудааст.

Манбаъ афзуд, дар нишасти навбатӣ ҳамчунин масъалаҳо дар бораи «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», дар бораи «Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», оид ба «Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», дар бораи «Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз тарафи аъзои Шўро муҳокима ва баррасӣ шуд, лоиҳаҳои қарорҳои МН «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Акрамшо Фелалиев» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Акрамшо Фелалиев» буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!