Бахшҳо

Бонки Ҷаҳонӣ: Ташхиси лоиҳаи бунёди НБО-и Роғун идома дорад

Бонки Ҷаҳонӣ ду ҳайати коршиносонро  таъсис додааст, ки мутахассисони маъруфи сатҳи байналмилалӣ ба узвияти он пазируфта шудаанд.

Дар ин бора аз дафтари душанбегии Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ доданд.Дар баёнияи ин ниҳод аз ҷумла гуфта мешавад, ду ҳайати дигар ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла паҳлӯҳои фаннию иқтисодӣ ва ҳамчунин таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоии обанбори Роғун машғул хоҳанд буд.Таври маълум, рӯзҳои 18-19-уми май намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишварҳо дар Алмато  бо натиҷаҳои пешакии оғози баррасии тарҳи “НБО-и Роғун” ошно шуданд ва пешниҳодҳои худро ба миён гузоштанд.Ӯзбакистон аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кард, чаро ки ин кишвар аз мухолифини сарсахти бунёди нерӯгоҳи Роғун аст. Созмондиҳандагони нишасти Алмато гуфтанд, қаблан ба ҳукумат ва созмонҳои экологии Ӯзбакистон даъватнома фиристода ва посухи мусбати онҳоро дар робита ба ширкат дар ҳамойиш гирифта буданд. Интизор меравад, Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи июн конфронси дуюми марбут ба тарҳи Роғунро бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистону Қазоқистон баргузор кунад.  Аз сӯи дигар, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аввалин санадҳои  худро аз пажӯҳиши тарҳи Роғун ба тавре дар миён гузоштаанд, ки агар бо гузашти 18 моҳ баррасии ҳамаи самтҳои лоиҳа ба таври мусбат ҳал шавад, Бонки Ҷаҳонӣ аз созмонҳои байналмилал, давлатҳо ва сармоягузорони алоҳида даъват хоҳад кард, ки дар эҳдоси Роғун саҳм бигиранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)