Бахшҳо

Вазорати маорифи Тоҷикистон беҳтарин хобгоҳи донишҷӯёнро дар Душанбе қадрдонӣ кард

Хобгоҳи № 7-и ДМТ дар озмуни «Хобгоҳи беҳтарин» соҳиби ҷойи аввал гардид.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати маориф иттилоъ доданд, бо ташаббуси ин вазорат ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифу илми кишвар озмуни «Хобгоҳи беҳтарин»-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, рўзи 30-юми декабри соли 2011 ҷамъбаст гардид. Гурўҳи корӣ дар ҳайъати 7 нафар дар муддати беш аз ду ҳафта тавонист аз 25 хобгоҳ дидан намояд.

 

Манбаъ афзуд, тибқи хулосаи ҳайъати ҳакамон, ҷойи аввал насиби хобгоҳи № 7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Хобгоҳи №2-и ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷойи дувум ва хобгоҳҳои №2-и ДДТТ ба номи А.Сино ва №1-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор шуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии вазорати маориф ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, ба 3 хобгоҳи донишгоҳҳои тиҷорат, технологӣ ва санъат барои иштироки фаъолона ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Санҷиш нишон дод, ки дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳо низ дар хобгоҳҳо ҷой доранд, аз қабили дар як қисм хобгоҳҳо ташкил накардани маҳфилҳои гуногун, нархи аз меъёр зиёди хўрок дар ошхонаҳо, ҳамкории суст бо ниҳодҳои қудратӣ, мавҷуд набудани воҳиди кории мураббӣ-омўзгор ва ғайраҳо.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)