Бахшҳо
24 май 2011 06:56Хабарҳои ҷаҳон

Баррасии қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар додгоҳи аврупоӣ

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар давлати Русияро дар истирдоди ғайриқонунии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз ин кишвар ба Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.

Ахиран, ин ниҳоди байналмилалӣ аз Русия тақозо кардааст, то давоми 180 рӯз тасмими худро дар мавриди ин қазия эълом кунад ва аз натиҷаи он ба додгоҳи аврупоӣ гузориш диҳад.  Бино ба қавли фарзанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров - Фирӯз Искандаров, ин қарорро Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ҳанӯз 1-уми апрели соли равон ба нашр расонида буд. Маврид ба ёдоварист, тирамоҳи соли гузашта ин додгоҳи аврупои давлати Русияро дар боздошт ва истирдоди ғайриқонунии роҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Душанбе гунаҳкор донист ва Русияро ба пардохти 30 ҳазор евро ҷарима муваззаф кард.

Ёдрас менамоем, собиқ райиси ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон, идораҳои амниятии Русия  дар моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар доданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терористӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард. Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров зерҳимояаашонро бегуноҳ хонда,  барои истирдоди вай аз Тоҷикистон ба Русия низ талош меварзанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)