Бахшҳо

Нахустин сарвари НБО-и Норак 75-сола шуд

Ба ифтихори 75-солагии Акобир Умаров дар Хуҷанд ҷаласаи танатанавӣ баргузор шуд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ба ин муносибат рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати вилояти Суғд, бо иштироки собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва фаъолони шаҳр ҳамойиш доир гашт, ки дар он собиқ котиби якуми кумитаи шаҳрии ҲК, шаҳрванди фахрии шаҳри  Хуҷандро табрик карданд.Райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов соҳибҷашнро аз номи ҳукумати шаҳр ба ин рӯз шодбош гуфта, чун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ аз хизматҳои тӯлониаш тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияро тақдим дошт.
Каримов зимни суханронии худ аз хизматҳои Акобир Умаров ёдрас шуда, саҳми ӯро дар тараққиёти бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ, хосса ободонию бунёдкории маркази маъмурии вилояти кунунии Суғд дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта, рушди соҳаи энергетикаи кишвар  босазо арзёбӣ кард. Зимнан, муовини райиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов, Мӯъминҷон Тошматов, муовини райиси ширкати «Барқи тоҷик» ва дигарон соҳибҷашнро табрик карданд.  
Маврид ба ёдоварист, Акобир Қозихонович Умаров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи шаҳру вилоят ва мамлакат 30 декабри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва мактаби олии ҳизби назди КМ ҲКИШ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи муҳандис-барқчии шабакаҳои барқии Ленинобод оғоз намуда, сипас ба ҳайси райиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи коркунони нерӯгоҳҳои барқӣ ва саноати энергетикии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори шабакаҳои барқи минтақаи шимол кор кардааст. Акобир Умаров аввалин директори НБО-и Норак мебошад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)