Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:36

Журналист маъракаи зиддисломиро роҳандозӣ кард

5 январ 2012, 11:48

Хабарнигори радиои "Коммерсант ФМ"  бо насаби Эггерт тасмими нашр накардани карикатураҳои паёмбари Ислом Муҳаммад алайҳиссаломро аз ҷониби нашароти аврупоӣ ифодаи тарсуӣ хонд.


Ҳарчанд, ки мавзӯи сӯҳбат баҳси Анқараву Порис дар мавзӯи “геносиди арманиҳо” буд, аммо Эггерт, бо он ки Фаросаро барои бастани даҳони мардум дар мавзӯи “геносиди арманҳо аз сӯи туркҳо” гунаҳкор кард, иловатан ба мавзӯи карикатураи Муҳаммад паёмбар (с) дахл карда гуфт:  “Дақиқ бояд кард, ки дар чӣ гуна кишваре зистан мехоҳед, дар Амрико ки ба осонӣ ин карикатураҳоро нашр карданд, ё дар кишвари аврупоӣ, ки аз ҳарос нашри онҳоро (манзур карикатураҳоро) мамнӯъ карданд? Ман умедворам ки Русия аз ин банди тарс раҳо хоҳад ёфт ва барои ҳар нафар ҳар чизе ки гуфтан мехоҳад, иҷозаи ибрози ақида хоҳад дод”.
Ин барои бори аввал нест, ки Эггерт бо чунин лаҳн нисбати мусулмонон ибрози ақида мекунад. Ин ҷаноб чанде қабл ба мавзӯи бархӯрдҳои мазҳабии Миср дахл карда, бе ҳеч далел созмони мусулмонии “Ихвон-ал- муслимин” ро барои қатли масеҳиён ва ҳарбиён гунаҳкор карда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!