Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Варзишгарони суғдӣ дар як сол 2394 медал ба даст оварданд

7 январ 2012, 05:21

Соли 2011 варзишгарони вилояти Суғд дар 38 мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ, 72 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 34 мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон иштирок намудаанд.


Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», онҳо  ба гирифтани 738 медали тилло, 720 медали нуқра ва 936 медали биринҷӣ сазовор гаштанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷаҳон ба 22 медали тилло, 25 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ сазовор гаштаанд, ки назар ба соли 2010 84 адад зиёд мебошад.Дар чемпионатҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ ба 52 медал сазовор шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2010 22 адад зиёд аст.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ шумораи умумии медалҳо ба 2394 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давра 436 адад зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоят 155 нафар варзишгар бо дараҷаи 1,  270 нафар номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон,  24 Устоди варзиши  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 Устоди варзиши байналмилалӣ фаъолият доранд.Бояд гуфт, ки соли сипаригашта дар миқёси вилоят 276 адад иншоотҳои варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим гардид, ки ба рушди соҳаи варзиш мусоидат намуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!