Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

«Гурбаҳои баҳрӣ» интизори амри президент

24 май 2011, 07:12

Президенти  Амрико Барак Обама эълом доштаст, ки дар сурати зарурӣ ӯ метавонад боз як гурӯҳи дигари «спетсназ»-ро ба Покистон фиристад. Агар муайян гардад, ки «кадоме дар ин мамлакати шарқӣ андешаи куштори амрикоиҳо ва иттифоқчиёни онҳоро дошта бошад» - таъкид кардааст Обама.

Зимни як мусоҳибаи ахири худ бо BBC раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, «мо ба  истиқлолияти  Покистон арҷ мегузорем, аммо ба касе намегузорем, ки дар пайи куштори одамони мо ва иттифоқчиёнамон амалу нақша дошта бошанд. Ва дар мавриди иҷрои ин гуна тарҳҳо, наметавонем ором бишинем». Вобаста ба ин баромадаш, Обама «сафари такрории  «гурбаҳои баҳрӣ»-и гурӯҳи махсуси ҷангии амрикоиро, ки  2-май террористи рақами 1, Усома бини Лоданро ба ҳалокат расонда буданд, аз эҳтимол дур намедонад. Бояд гуфт, ки амалиёти зидди Усома бини Лодан, муносибати  миёни ин ду давлатро ба сардӣ кашида буд.Президенти ИМА ҳамчунин дар сӯҳбаташ бо  BBC гуфтааст, ки ҷониби Амрико барои барҳам задани ҷанг дар Афғонистон омода аст, то бо Толибон дар гуфтушунид нишинад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!