Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

Муҳокимаҳои парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳе як маротиба сурат хоҳанд гирифт

9 январ 2012, 05:30

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати муовини якуми райиси палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор гардид, аъзои Шӯро Марҳабо Ҷабборова зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи Қонуни мазкур изҳор дошт, ки ин лоиҳа дар заминаи фаъолиятҳои инноватсионӣ шароити боз ҳам мусоидтаре фароҳам хоҳад овард.

Ҳамзамон, дар Шўро Созишномаи Гурўҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Шўро таъкид шуд, ки бо мақсади таъмини намудани шаффофият дар фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакат ҳар моҳ як маротиба дар Маҷлиси намояндагон ва дар кумитаҳои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат муҳокимаҳои парлумонӣ доир карда шаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!