Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:14

Зафар Азизов: Дар Тоҷикистон баъзеҳо аз ҳукми қатл ҷонибдорӣ мекунанд

9 январ 2012, 09:25

Дар Тоҷикистон 20 нафар ҳукми ҷазои якумра гирифтанд, ки ҳукми 17 тани онҳо  соли 2011 эълон шудааст. Нисбат ба 3 нафари дигар бошад, додгоҳ соли 2010 чунин ҷазоро раво дид.


Ин нуктаро Зафар Азизов, райиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён кард. Ба иттилои номбурда онҳое ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, ки дар тероризм, куштор ва таҷовуз ба номус муттаҳам шудаанд. Зафар Азизов ҳамчунин афзуд, тайи 12 моҳи соли 2011 дар кишвар ягон ҳолати иҷрои ҳукми қатл ба қайд гирифта нашудааст: «Масъалаи ҳукми қатлро ҳоло гурӯҳи махсуси корӣ дида баромада истодаанд ва шояд дар соли 2012 ин гурӯҳ роҷеъ ба ин масъала хулосаи худро пешниҳод намоянд». Ба қавли райиси Шӯрои адлия дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки ҷонибдори боқӣ мондани ҷазои ҳукми қатланд. Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон нисбат ба ҳукми қатл маратория эълон шуда буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!