Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Дар 12 моҳ ҳамагӣ 183 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кардаанд

9 январ 2012, 09:56

Соли 2011 255 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки 183 ҳ онҳо ба ҳайси сайёҳ пазируфта шудаанд.


Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳи Тоҷикистон мегӯяд,  ба ҳисоби нисбӣ харҷи миёнаи ҳар як сайёҳ ба 500 долари амрикоӣ баробар аст.
Номбурда, ки аз фаъолияти яксолаи ниҳодаш ҳисобот медод, ҳамчунин ба бахши варзиш ҳам таваҷҷӯҳ намуда, гуфт, ки феълан дар ҷумҳурӣ аз 30 ҳазор варзишгар, ки дар 54 намуд тамрин мекунанд, унвони варзишӣ доранд. «Аз ин теъдод 1500 нафарро барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар менамоем»,-афзуд Маликшо Неъматов.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчунин аз сохтмонҳои иншоонтҳои варзишӣ хабар дод. Ба қавли вай соли ҷорӣ як маркази обӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегирад. Ба ҷуз ин ширкати алюминии тоҷик,   Хадамоти гумрук ва 7 бонки тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди чандин толорҳои варзишӣ омодагӣ мебинанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!