Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Тоҷикистон дар мавриди омӯзиш аз кишвари ҳамсоя 50 зина болотар аст

9 январ 2012, 10:46

Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сабаб шуд, ки 2000 хонанда ба мактаб ва таълиму тадрис ҷалб гарданд.


Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Бино ба гуфти ӯ,санади мазкур дар  таълиму тарбияи насли наврас қонуни миллӣ ва сарнавиштсоз мебошад ва имкониятҳои зиёдеро барои тағйири    сатҳи фарҳангию маърифатии насли наврас дорад.
Вазири маориф ҳамчунин гуфт: «Имрӯз аз рӯи маълумоти расмие, ки мо дорем 865  нафар хонанда дар саросари Тоҷикистон аз мактаб дур монданд, аз онҳо 510 нафарашон духтар мебошад. Мо барои ҳалли ин мушкил дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ чорабаиниҳои мушаххас мегузаронем».
Раҳмонов ба ин нукта ишора карда мегӯяд, духтарон дар зинаи сеюми таълим бояд бештар ба таҳсил фаро гирифта шаванд, зеро онҳо модарони оянда ҳастанд ва фарзанд тарбия хоҳанд кард.
Тибқи иттилои ахири расмӣ, ки СММ интишор кардааст, Тоҷикистон дар ҷадвали фарогирии таълим дар мавқеи 123 ва Афғонистон дар ҷои 173-юм қарор доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!