Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:22

Фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон «боло» рафтааст

10 январ 2012, 04:12

Додгоҳҳои кишвар дар соли 2011-ум 118 ҳазору 981 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ,оилавӣ, маъмуриву иқтисодӣ ва дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазоро баррасӣ кардаанд.


Ин нуктаро Зафар Азизов, райиси Шӯрои адлия  зимни як ҳамоише, ки дирӯз баргузор гардид, қайд намуд. Ба қавли номбурда, ин нишондод нисбат ба ҳисоботҳои қаблӣ 22 ҳазору 159 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, райиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин паҳлӯи масъала иброз дошт, ки арзу шикояти шаҳрвандон дар соли 2011 нисбати нишондодҳои як соли қабл 100 адад афзоиш ёфтаанд. Зафар Азизов, дар посух ба саволи хабаргузории «Озодагон» дар мавриди афзоиши арзу шикоятҳои мардум гуфт, ин  ба болоравии фарҳанги ҳуқуқии онҳо рабт дорад. Ӯ гуфт, дар соли гузашта, нисбати солҳои пешин дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи инсон кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ташкилотҳои байналмиллалӣ ва коршиносон борҳо аз нақзи ҳуқуқи инсон садо баланд карда буданд.   

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!