Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

ПСС: Бархе аз ҳамсоякишварҳо барои Тоҷикистон монеаъ эҷод мекунанд

10 январ 2012, 07:06

Дар ташкили намоишгоҳҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби бархе ҳамсоякишварҳо монеаҳои гуногун эҷод мегардад, ки ин омил соҳибкоронро ба ташвиш овардааст.


Асаналӣ Карамалиев, муовини райиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорон асосан ҷиҳати воридоти молу маҳсуот аз хориҷи кишвар шикоят мебаранд: «Ҳолатҳое мешавад, ки на ҳамаи намуди маҳсулотҳои дар намоишгоҳ пешбинишуда ба кишвар ворид мешаванд. Ҳамин тавр сари вақт нарасидани молу маҳсулот дар намоишгоҳ, боиси нигаронии соҳибкороне мегардад, ки қаблан барои иштиок дар намоишгоҳ бо ҳамтоёни хориҷияшон гуфтушунид кардаанд».
Асаналӣ Карамалиев ба ин назар аст, ки чунин монеагузориҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфии худро мегузорад, ки на ҳамаи кишварҳо ин омилро ба назар мегиранд. Номбурда иброз дошт, ки давоми соли гузашта дар Тоҷикистон 22 намоишгоҳ баргузор гардид, ки аз ҳисоби ин намоишгоҳҳо 504 ҳазор сомонӣ ба хазинаи давлат ворид гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!