Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

Миёни осебдидагони инфиҷори тарабхонаи итолиёвии Маскав тоҷикон ҳам ҳастанд

10 январ 2012, 12:03

Бар асари як таркиш дар як тарабхонаи итолиёвии Маскав бо номи ”Il Pittore” дастикам 2 нафар кушта ва беш аз 40 нафар захмдор шудаанд.


Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 22 нафар ба таври оҷил ба бемористон интиқол дода шуда,10 нафари дигар худашон барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат намудаанд. Миёни осебдидагон 9 нафар мизоҷон ва боқимонда кормандони ин тарабхона будаанд.
Бино ба гуфтаи Леонид Печатников, сарвари Департаменти тандурустии Маскав 13 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Вазъи ду нафар кӯдаки осебдида беҳтар буда, яке аллакай ба хона ҷавоб шуда, дигарӣ ҳанӯз зери муоинаи табибон қарор дорад.  
Нашрияи «Life News» рӯйхати  осебдидагонро нашр кардааст, ки миёни онҳо осебдидагон бо ному насабҳои тоҷикӣ низ ҳастанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав Бахтиёр Сатторӣ ба хабарнигори масковии “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳоли ҳозир  кормандони хадамот дар пайи дақиқ кардани шахсияти осебдидагон бо насабҳои тоҷикӣ мебошанд. Мо низ то дақиқ шудани ҳуввияти осебдидагон бо насабҳои тоҷикӣ аз овардани номашон худдорӣ мекунем.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!