Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Эмомалӣ Раҳмон: Ба мардуми Эрон саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам

11 январ 2012, 04:10

Райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии президенти Эрон, доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сарвари давлат иттилоъ доданд. Дар номаи Раҳмон аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, имрўз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд. Дар иртибот ба  санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегўям».
Зимнан, ба муносиботи ҳасана ва судманд ишора карда президенти Тоҷикистон навиштааст, ки ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дўсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурўъ намуданд.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мебошад.
Дар поёни номаи табрикотии президенти Тоҷикистон омадааст: «Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсту бародари Эрон - саодату хушрўзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!