Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Русия ба даври дуввуми интихоботи райисҷумҳур омодагӣ мегирад

11 январ 2012, 10:29

Кумиссияи минтақавии интихоботи вилояти Смоленск барои интихоботи такрории райисҷумҳури Русия даъватномаҳо фармойиш додааст.


Ин тадбири кумиссиюни минтақавӣ тадбири пешакӣ дар сурати муваффақ нашудани яке аз муддаиёни курсии райисҷумҳур ба дарёфти 50 дар сади орои мардум  дар интихоботи санаи 4 марти соли 2012 будааст. Бино ба гуфтаи узви ин кумиссиюни минтақавӣ, Роман Романенков, моддаи 93 -и Қонуи федеролии Русия онҳоро вазифадор кардааст, то ба чунин кор даст зананд. Бино ба талаботи ин қонун иҷрогарон танҳо то 13 январи соли 2012 ҳақ доштаанд, барои иҷрои фармойиши таҳияи даъватнома дархост манзур созанд.
-Мо ба хотири эҳтиёт ин корро кардем, то пайи амалӣ шудани эҳтимолияти баргузории даври дуввуми интихоботи райисҷумҳур дар кори мо ишкол набошад. Фармойиш танҳо дар сурати аз сӯи Кумиссиюни марказии интихобот эълон гардидани даври дуввуми интихобот мавриди амал қарор хоҳад гирифт, -афзудааст Романенков.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!