Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:33

Дар оташсӯзии Маскав се тоҷик осеб диданд

11 январ 2012, 11:37

Дар оташсӯзии чандрӯзқабли Маскав дар тарабхонаи итолиёвии “II Pittore“ дар хиёбони Нахимов хонаи 45 се тоҷик низ осеб дидааст.


Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав сокинони Тоҷикистон  Умаралиева Мамлакат Камбаралиевна, соли таваллудаш 1969 зодаи норҳияи Турсунзода, ошпази тарабхона дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, авзои ошпази дигар Саъдуллоев Раҷабалӣ Мерганович, соли таваллудаш  1969 зодаи ноҳияи Ваҳдат ва Ҷамилов Маҳмадиқбол Қосимович, соли таваллудаш 1988 зодаи ноҳияи Данғара боркаши тарабхона, дар ҳолати миёна қарор доранд. Ҳар 3 нафари маҷрӯҳон феълан дар Маркази бемориҳои сӯхтаи ГКБ- 36 и Маскав қарор доранд.

Намояндагии Хадамоти муҳлоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, бо табибон робитаи ҳамаҷонибаро барқарор карда, омода аст тамоми кӯмаки лозимаро барои табобати ҳарчизуди шаҳрвандони Тоҷикистон манзур намояд.
Маркази матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар медиҳад, ки кормандони сафорат барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба беморон муваззаф шудаанд.
Аммо то ҳанӯз ҳуввияти 2 нафар фавтидагон бинобар сӯхтани чеҳраҳояшон муайян нагардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!