Бахшҳо

Амиршо Миралиев: Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи олӣ қарор доранд

Дар Душанбе мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали райиси МН  бо муовини райиси  Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи ҷумҳурии Халқии Хитой хонум Чэн  Чжилӣ ва ҳамроҳони ӯ сурат пазируфт.


Муҳамадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон зимни ташреҳи ин иттилоъ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, нишасти мазкур ба бистумин солгарди барқарории муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва   Хитой рост омада, фол ва паёмади некеро ба дунбол хоҳад дошт.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи фаъолияти худ дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун парламенти бисёрҳизбӣ ва ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ шинохта шудааст. Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони панҷ ҳизби сиёсии кишвар шомил ҳастанд, ки чунин шаклгирӣ дар таҳия ва қабули қонунҳои дорои сифат ва мазмуни волову арзишманд мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, бо ишора ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар Миралиев гуфт, байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Халқии Хитой гурўҳҳои дўстӣ амал мекунанд, ки ин гурўҳҳо барои боз ҳам тақвият ёфтани муносибатҳои байнипарлумонии ду ҷумҳурии дўст ва ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамчунин, сафарҳои пайвастаи сарони ҳар ду кишвар ба мамлатаҳои якдигар ва боздидҳои намояндагони  парлумонҳо аз Пекин ва Душанбе дар китоби таърихи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой саҳифаҳои тозаеро боз кардаанд ва мо умедвор ҳастем, ки равобити ояндаи ду ҷумҳурии дўсту ҳамсоя садҳо ҷилд китобро ташкил хоҳад дод.Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки миёни   Тоҷикистон ва  Хитой зиёда аз 160 санади меъёрӣ – ҳуқуқии дуҷониба ба имзо расидаанд, ки Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ – асоси муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Хонум Чэн Чжилӣ бошад, дар маҷмўъ аз сатҳи муносиботи кишвараш бо ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба инкишофи ин ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо таъкид кард.
Маврид ба ёдоварист, муносибати дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва  Хитой 4 январи соли 1992 барқарор гашта, сафорати он кишвар дар Душанбе фаъолияти худро аз 13 марти ҳамон сол оғоз намудааст. Ҷумҳурии мо бошад, сафорати худро дар шаҳри Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)