Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Барои сохтани фурудгоҳи байналмилалӣ дар Данғара маблағ нест

12 январ 2012, 05:46

Ҳанӯз як сол муқаддам Маҳмадулло  Сайдалиев, райиси ноҳияи Данғара эълон дошт, ки дар ҳудуди ноҳия бо кӯмаки сохтмончиёни Русия фурудгоҳи бузурги байналмиллалӣ бунёд мегардад.


Тибқи иттилоъ, сохтмони ин иншоот бояд худи ҳамон сол оғоз меёфт. Аммо бо гузашти 12 моҳ ҳанӯз ҳам корҳои сохтмонӣ ин ҷо сар нашудааст.
Исуфалӣ Шоев, муовини райиси ноҳия мегӯяд, барои сохтмони ин фурудгоҳ маблағи зиёде зарур аст, ки дар ҳоли ҳозир дар мавриди пайдо намудани он мушкил доранд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи манбаъ, ҳанӯз бо мутахассисони рус дар мавриди лоиҳаи иншоот ба мувофиқа нарасидаанд: «Мушкили дигаре, ки пешорӯ омадааст, ин роҳи оҳан мебошад. Тибқи лоиҳаи пешакӣ, майдоне, ки фурудгоҳ бунёд мешавад, роҳи оҳани қатора ба маркази ноҳия мегузарад. Барои барканор кардан ва дар дигар самт бунёд намудани он, низ мушкили сохтмон ва маблағи зиёд лозим аст».   
Манбаъ афзуд, новобаста аз мушкилоти пешомада, фурудгоҳи байналмиллалӣ дар Данғара солҳои наздик бунёд хоҳад ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!