Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Убайдуллоев аз Хитой дархости квотаи бештар барои донишҷӯёни тоҷикро кард

12 январ 2012, 06:03

11 январи соли 2012 райиси ММ МО-и Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати парламентии ҷумҳурии Халқии Хитойро таҳти сарварии муовини райиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой хонум Чэн Чжилӣ бо ҳамроҳии сафирион кишвар дар Душанбе ҷаноби  Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.


Убайдуллоев дар ҷараёни мулоқот хонум Чэн Чжилиро барои нахустин ташрифаш ба Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки боздиди мазкур дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарламентии кишварҳо саҳифаҳои наву боэътимодро боз намуда, имкон фароҳам хоҳад овард, ки сатҳи ҳамкориҳои дўстонаву гуногунҷабҳа дар ҳама самтҳои мутақобилан судманд, ки аз умқи қарнҳо сарчашма мегиранд, тақвияти тоза касб намоянд.
Шавкат Сайидов, ёвари райиси ММ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба хабаргузории «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дода гуфт, дар нишаст қайд гардид, ки кўмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии сармояи чинӣ дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳҳою тунелҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ гувоҳи равшани  муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо  мебошанд. Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки густариши муносибатҳо бо татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, иктишофу коркарди  канданиҳои фоиданоки кўҳӣ ва аграрию гуманитарӣ мувофиқ ба мақсад буда, ташкили бозомўзии кадрҳо ва квотаҳои бештар барои таҳсили донишҷўёни тоҷик дар мактабҳои олии ҷумҳурии Халқии Хитой ба манфиати ҷонибҳост.
Ҳамзамон таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини сулҳу суботи минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, инчунин вусъати ҷараёнҳои ҳамгироӣ парламентҳои мамлакатҳо потенсиали худро бештар равона хоҳанд сохт.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки бону Чэн Чжилӣ аз  номи райиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумихитойии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби У Банго паёми шодбошӣ расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз ҳарвақта бо мамлакати дўсту ҳамсоя тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд манфиатдор аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!