Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:53

Боздошти як қаллоби «заминфурӯш» аз сӯи кормандони ВКД

12 январ 2012, 06:24

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Хайриддин Фатҳуддинови 40 сола боздошт гардид.


Номбурда сокини  кӯчаи  Фирдавсӣ буда, айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад. Аз дафтари матбуотии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ӯ моҳи майи соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии Абдурасулов Ш-и 28 -сола, сокини кӯҷаи Нахимов даромада, аз номбурда 3500-доллари ИМА гирифтааст:   «Хайриддин Фатҳуддинов ваъда додааст, ки аз маҳаллаи Уртабузи ҷамоати «Шарора»-и ноҳияи  Ҳисор 0,6- гектар қитъаи замин ба Абдурасулов ҷудо карда медиҳад,  аммо  маблағро  гирифта то ҳол барнагардонидааст».
Ҳамчунин, Фатҳуддинов моҳи майи соли 2011  бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд  Эгамов Ғ, сокини 73-солаи кӯчаи Дарвоз даромада, аз ӯ 5000 доллар гирифтааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гадрдида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!