Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

Сардии муносибот бо Ӯзбакистон ба президентҳои ду кишвар ҳеч иртиботе надорад

12 январ 2012, 09:51

Абдунабӣ Сатторзода, масъули Маркази Тадқиқоти Стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ин иттилоъ нодуруст аст: «Ӯзбакистон аслан ба ҳеч як кишвари минтақа равобити мӯътадил надорад.


Аз ҷумла бо Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ҳам мушкили муносибот дорад».
Доктор Сатторзода ин ҳарфҳоро зимни як нишасти матбуотӣ имрӯз (12-уми январи соли 2012) дар ҳузури хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ иброз дошта афзуд, пас маълум мешавад ки «сардии равобити дуҷониба ба роҳбарони ду кишвар бастагӣ надорад».   Номбурда илова кард, ки масъала омилҳои ҷиддӣ ва жарфтаре дорад. Ба қавли ӯ, Ӯзбакистон кишвари худхоҳ мебошад ва даъвои ҳукмронӣ дар минтақаро дорад, лекин хушбахтона ин тавр нест.
-Истиқлолу рушди Тоҷикистонро мутаасифона на ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба хубӣ ва хушӣ қабул доранд, онҳоро бештар бунёди нерӯгоҳи Роғун ба ташвиш овардааст, чунки   пас аз эҳдоси он, таносуби қувваю мақом дар минтақа таъғир меёбад, аз ин рӯ ҳамсояи мо бештар нигаронӣ дорад,-афзуд Сатторзода.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!