Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 30 май 2017, 02:00

Пентагон таҳқири аҷсоди толибонро таҳқиқ мекунад

12 январ 2012, 11:12

Раҳбарияти олии низомии Амрико изҳор кардааст, ки таҳқири ҷасади толибон аз сӯи асокири нерӯҳои баҳриаш ба арзишҳои артиши ИМА мухолифат дорад.


Вазорати дифоъи ин кишвар расман таҳқиқи ҳодисаи таҳқир болои толибони кушташуда ва пайдоиши ин навор дар интернетро шурӯъ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шабакаи интернет наворе паҳн гардид, ки дар он асокири нерӯҳои баҳрии Амрико болои 3 ҷасади аскарони дастаи “Толибон”-и кушташуда бавл карда, бо лафзи қабеҳ навори худро ташреҳ мекунанд. Ин навор чӣ гуна сабт  ва дар интернет пахш шудааст, то ҳанӯз маълум нест.
-Мо аз ин пайдоиши ин навор хеле дар ташвишем. Ин рафтори ғайриинсонӣ ва барои низомиён ғайримақбул аст,- изҳор кардааст намояндаи Пентагон Ҷон Кирби.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои оид ба муносиботи амрикоиву исломӣ ин наворро “ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ” хондааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!