Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 28 феврал 2017, 17:21

Ҷаноби Паэт дар ҳузури райисҷумҳури Тоҷикистон

13 январ 2012, 05:15

Рӯзи гузаштаи 12-уми январ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэтро ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.
-Тоҷикистон рушди пайвастаи равобит бо кишварҳои аврупоии назди Балтика, аз ҷумла Эстонияро муҳим мешуморад , - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки мавқеи ҳамсон ва ё наздики Тоҷикистону Эстония оид ба бисёр масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ заминаи хуби ҳамгироии ду кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, Урмас Паэт изҳор дошт, ки Эстония аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад.Гуфтугўи судманд доир ба омодагӣ ба Конфронси навбатии РЕККА – Форуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!