Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:21

Асаддуло Раҳмонов: Ихтилоф ҳаст, аммо ҳалли худро меёбад

13 январ 2012, 06:05

Дар мавриди таъсис ва роҳандозии шабакаи телевизионии форсизабонон ҷониби Тоҷикистон ихтилофи назар надорад.


Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи давлатии ТВ ва радиои ҷумҳурӣ ин нуктаро имрӯз- 13-уми январ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошта, афзуд, феълан мо мунтазири ташкили чунин шабака ҳастем.
Ҳамзамон, ҷаноби Раҳмонов гуфт: «Масъалаи ташкили шабакаи телевизионии форсизабонон танҳо бо розӣ будани ҷониби Тоҷикистон вобаста набуда, розигии дигар ҷонибҳо чун кишварҳои Эрон ва Афғонистон низ дар ин ҷо муҳим аст». Ба қавли райиси кумитаи мазкур, дар ин масъала аллакай давлати исломии Эрон мавқеашро рӯшан карда, таҷҳизотҳои заруриро низ барои фаъолияти ин шабака омода намудааст, вале мавқеи Афғонистон ҳамоно муайян нест: «Айни ҳол аниқ гуфта наметавонам, ки ин шабака то иди Наврӯзи Аҷам ифтитоҳ мешавад, ё хайр».
Раҳмонов мегӯяд, дар ташкили як чунин шабакаи ҷаҳонӣ табиист, ки ихтилофҳои ҷузъӣ мавҷуданд, аммо дар оянда ҳалли ниҳоии худро хоҳанд ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!