Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 04:16

Вазорати молия маблағҳои заруриро ба соҳаи кинои тоҷик ҷудо накардааст

14 январ 2012, 06:10

Аз қабул гардидани қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи барномаи рушди кино барои солҳои 2011-2015» беш аз як сол шуда бошад ҳам, то ҳол ягон нишондоди қарори мазкур иҷро нагардидааст.


Маблағҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа пешбинӣ гардиданд, аз ҷониби Вазорати молияи кишвар ҷудо нашудааст.
Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи ТВ ва радиои назди ҳукумати ҶТ мегӯяд, маҳз аз набудани маблағ заминаи моддию техникии аксари корхонаҳои фаръӣ-давлатии киною видео ва кинотеатрҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд. Ба андешаи ҷаноби райис, айни ҳол қисми зиёди кинотеатрҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, таъмирталаб мебошанд: « Дар давоми сол қариб 300 нафар кормандони соҳа курсҳои бозомӯзиро барои журналистон, коргардонҳо, наворбардорон ва наттоқон гузаштанд. Барои гузаронидани ин машғулиятҳо устодон ва мутахассисони варзида ҷалб карда шуданд».

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!