Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Маош ва даромади президентҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон

14 январ 2012, 06:46

Дар бораи даромади расмии президентҳои Осиёи Марказӣ, чанд хона, чанд мошин, чӣ қадар пул, чӣ қадар пасандоз дар бонкҳо ва амсоли ин тақрибан маълумоте нест.


Танҳо бо такя ба маълумотҳои ғайрирасмӣ ва суханони мардум баъзе маълумотҳо дода шудааст. Вазъияти Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Озарбойҷон шабоҳат дорад. Даромадҳо асосан ба номи оила, фарзанду хешу табор ва наздикони президентҳо бастагӣ дорад. Дар Қазоқистон духтару домодҳои президент Назарбоев соҳиби ширкатҳои калон ва саҳмияҳоянд. Дар Ӯзбакистон контроли корхонаҳои бузург дар дасти духтарони Ислом Каримов дониста мешавад.  
Дар бораи маоши президенти Тоҷикистон расман маълумоте пахш намешавад ва дар интернет ҳам иттилое ёфт нашуд. Танҳо дар интернет маълумот оид ба оилаи президент маълумот дарёфтан мумкин аст. Гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 9 фарзанд, ду писар ва 7 духтар буда, дар байни президентҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз ҳама серфарзандтарин ба ҳисоб меравад.
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ дастрас карда метавонед: http://ozodagon.com/s/item/16120

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!