Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:33

Қатъи фаъолияти чанд бозор дар ҷануби Тоҷикистон

14 январ 2012, 07:01

Ба андешаи Султон Валиев, райиси ноҳияи Восеъ, дар аксари бозорҳои ноҳия ва баъзе аз марказҳои савдо шароити оддии корӣ мавҷуд набудааст.


Гузашта аз ин, роҳраву мавзеъҳои ҷойгиркунонии маводи савдоӣ усулан ба ягон қоидаи гигиенӣ ва санитарӣ ҷавобгӯ нестанд: «Радаҳои фурӯши маҳсулот пур аз лою гил шуда, барои ҳам харидор ва ҳам савдогарон мушкил эҷод мекунанд. Ба хотири тоза намудан ва нигаҳ доштани кӯчаву қатори рафҳои даруни бозорҳо муваққатан якчанд бозорро, ки зиёд ифлосу номақбул будаанд, аз фаъолият бозмондем».
Ҳарчанд савдогарону роҳбарони бозорҳо норозигӣ баён кардаанд, вале ба хотири дар оянда ташкил намудани ҷойҳои кории тозаву озода ва растаҳои холӣ аз ифлосӣ, ҳукумати маҳаллӣ даст ба ин иқдом задааст.
Гуфта мешавад, дар Восеъ 14 бозор фаъолияти ҳамарӯза доранд, ки ба қавли райиси ноҳия, ягонтоаш ҳуҷҷати расмӣ дар мавриди фаъолият надоштаанд. Бо ҳамин сабаб, дар бисёр ҳолат, ҳатто маблағи андози давлатӣ низ ба таври расмӣ пардохт намегардад, ки бевосита ба буҷаи маҳал зарар ворид мекунад.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!