Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 17:50

Когда зери баёнияи муштараки кишвараш ва Тоҷикистон имзо гузошт

16 январ 2012, 05:56

Охири ҳафтаи гузашта, дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буркина Фасо баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, санади  муштаракро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва намояндаи доимии он кишвар дар СММ Дер Когда имзо намуданд. Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Буркина Фасо дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!