Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Ҳалокати 6 тоҷикистонӣ дар Федератсияи Русия

16 январ 2012, 06:00

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар дар шоҳроҳи А-111.Р-89 байни шаҳрҳои Осташков ва Торжоки вилояти Твери Русия панҷ ҳамватани мо ҷони худро аз даст доданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сафорати  Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ доданд, рӯзи 13-уми январи соли равон: Мурод Тиллоеви 31 сола, Зафар Солиҳови 25 сола, Сафарбек Ҳоҷибекови 31 сола, Зоҳидҷон Ҷӯраеви 31 сола, Лазизҷон Худойназарови 30 сола, сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аснои як сониҳа ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ 21099, бо сабаби суръати баланди ҳаракат ва яхбандии роҳ, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автобуси мусофиркаши рӯ ба рӯ  бармехӯрад. Мусофирони автобус  осеб надидаанд.Ҷасадҳо, рӯзи 15-уми январ, бо хатсайри №646 (Москва-Хуҷанд) ба Ватан фиристода шуданд.
Ҳамчунин, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Алишер Ҳусайнови 21 сола,  сокини   шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак, ки дар  муассисаи ислоҳотии №УШ382/1 вилояти Саратов адои ҷазо мекард, 6-уми январи соли равон, ба иллати сактаи дил аз дунё чашм пӯшид. Гуфтанист, Алишер Ҳусайнов санаи 14-уми августи соли 2010  барои содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 162 қонуни 1 ва қонуни 2-и  кодекси ҷиноӣ Русия ба  мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!