Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:09

Нархи макарони Душанбе боло меравад, чаро?

16 январ 2012, 06:53

Масъулини вазорати энергетика ва саноати кишвар мегӯянд, минбаъд воридоти маҳсулоти макаронӣ аз хориҷи кишвар кам мешавад.


Тавре аз ин вазорат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, сабаби коҳиш ёфтани воридоти ин намуди маҳсулот, роҳандозии хати нави технологияи истеҳсоли макарони спагеттӣ аз ҷониби корхонаҳои «Сомон Турон Инвест»-Маколлӣ» ва «Зерновая компания» мебошад: « Ин корхонаҳо бо маҳсулоти хушсифати рақобатпазир бозорҳои кишварро таъмин менамоянд».
Айни ҳол дар бозорҳои кишвар арзиши як кило макарон ҳудуди аз 4 то 12 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи маълумоти чанд тан аз тоҷире, ки ба фурӯши ин намуди маҳсулот машғуланд, нархи макарон дар бозорҳои пойтахт нисбати як сол пеш боло рафтааст ва дар сурати коҳиши воридоти он аз хориҷи кишвар, нархаш қимат хоҳад шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!