Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешаванд

24 май 2011, 09:27

«Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия» бо баргузории як барномаи густурдаи фарҳангӣ дар бинои Театри хурди академиии  шаҳри Маскав рӯзи 30 май сурат хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия  намоиши ҳунарҳои рассомон ва суратгирони Тоҷикистон бо ташкили як намоишгоҳи вижа дар Осорхонаи марказии таърихи муосири Русия рӯзи 29 май роҳандозӣ хоҳад шуд. Қарор аст, рӯзи 31 май дар театри Мактаби санъати драмавӣ намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» аз рӯи асари В. А. Жуковский аз ҷониби  ҳунармандони Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи  В.В. Маяковский ба маърази тамошои сокинон ва меҳмонони Маскав гузошта шавад. Тавре Шоҳин Самадов, як масъули маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, сафорат тасмим дорад ба чорабиниҳои «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия», мардуми таҳҷоиро бештар ҷалб созад, то онҳо аз санъату фарҳанги пурғановати миллати тоҷик огоҳии бештар пайдо намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!